ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 6 ноябр, душанбе, 310-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 55 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Ноябрь 6, 2017 08:46

Тақвими моро дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистқлол қабул ва Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

***

6 ноябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар гуфтугӯи шарикони Форуми ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд.

 6 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Ӯзбекистон – Рӯзи кормандони фарҳанг.

***

Дар Тотористон – Рӯзи Конститутсия.

 РӮЙДОДҲО:

6 ноябри соли 1999 интхоботи навбатӣ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор ва Эмомалӣ Раҳмон  бори дуюм ба ин мақом интихоб гардиданд.

***

6  ноябри соли 1946 дар Британияи Кабир Хадамоти давлатии тандурустӣ таъсис дода шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1970 Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Италия муносибати дипломатӣ барқарор кардааст.

***

29 сол пеш аз ин, 6 ноябри соли 1988 6 ҳазор компютери вазорати мудофаи ИМА- ро вирус пахш намуда буд.

 ***

6 ноябри соли 1988 дар Чин заминҷунбии шадиди 7,6-балла ба амал омадааст, ки дар натиҷаи он қариб 1000 нафар ҳалок шуданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1869 дар Ню-Ҷерси (ИМА) аввалин мусобиқи футболи америкоиҳо баргузор гардида буд.

 

 

Ноябрь 6, 2017 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, сешанбе, 280-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, душанбе, 279-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, якшанбе, 278-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, шанбе, 277-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, ҷумъа, 276-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, панҷшанбе, 275-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, сешанбе, 273-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, душанбе, 272-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, якшанбе, 271-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, шанбе, 270-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, ҷумъа, 269-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, панҷшанбе, 268-умин рӯзи соли 2025 аст