ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 8 ноябр, чоршанбе, 312-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 53 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
8 ноябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 8 — уми Шўрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
***
3 сол пеш, 8 ноябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин дар ҳамоиши «Муколама доир ба таҳкими шарикӣ дар соҳаи ҳамбастагӣ» дар чаҳорчӯби ҳамоиши созмони Ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором суханронӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими рӯнамоии китоби шашҷилда ва луғати тафсирии истилоҳоти «Шашмақом» баргузор гардид.
8 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии Маҳфили зарифон (КВН).
***
Дар Чин – Рӯзи журналистика.
***
Дар Қазоқистон – Рӯзи омор.
РӮЙДОДҲО:
8 ноябри соли 1917 дар Канада агентии иттилоотии «Канадиан пресс» таъсис дода шудааст.
***
69 сол мукаддам, 8 ноябри соли 1948 Ҳизби коммунистии Албания ба Ҳизби меҳнати Албания тағйири ном кард.
***
Дар ин рӯзи соли 1956 Ассамблеяи генералии СММ аз Иттиҳоди Шӯравӣ талаб кардааст, ки неруҳояшро аз Венгрия барорад.
***
8 ноябри соли 1969 дар Португалия ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ озод карда шуданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1893 дар Иёлоти Колорадои ИМА ба занҳо ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан дода шуда буд.
***
Соли 1943 Ордени Шараф- ордени ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфт.