ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 9 ноябр, панҷшанбе, 313-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 52 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Ноябрь 9, 2017 08:26

Тақвими моро дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

9 ноябри соли 2010  дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 29–уми Шўрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил суханронӣ намуда буданд.

***

9 ноябри соли 2010 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардида буд.

9 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи умумиҷаҳонии сифат.

***

Рӯзи байналмилалии мубориза бо фашизм  ва нажодпарастӣ.

 

***

Дар Камбоҷа- Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи парчами давлатӣ.

 РӮЙДОДҲО:

9 ноябри соли 2008 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон оғоз гардида буданд, ки 4 рӯз идома ёфтанд.

***

61 сол муқаддам, 9 ноябри соли 1956 Ассамблеяи конститутсионии Ветнами Ҷанубӣ ба фаъолият оғоз карда буд.

***

Дар ин рӯзи соли 1963 дар Япония дар натиҷаи таркиши кон наздик ба 450 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

9 ноябри соли 1992 Шартнома оид ба мусаллаҳшавии муқаррарӣ дар Аврупо ба кор оғоз карда буд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1951 ИМА аввалин маротиба санҷиши зеризаминии бомбаи атомӣ гузаронида буд.

 

 

Ноябрь 9, 2017 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш