Таъмини волоияти қонун ва таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ аз маърифати ҳуқуқии ҷавонон вобаста мебошад
ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аввалин Форуми ҳуқуқшиносони ҷавон бахшида ба Соли ҷавонон дар доираи Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки баргузории нахустин Форуми ҳуқуқшиносони ҷавон бори дигар собит месозад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу субот пойдор буда, Ҳукумати Тоҷикистон тамоми шароитро ҷиҳати илмомӯзиву сайқал додани дониш барои ҷавонон фароҳам овардааст. Дар партави сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди инкишофи ҷаҳонбинӣ ва ҳидоят намудани ҷавонон ба худшиносиву худогоҳӣ ба роҳ монда шудааст. Имрӯзҳо ба масъалаи баланд бардоштани маърифати сиёсати ҳуқуқӣ ва иттилоотии ҷавонон чун яке аз самтҳои рушди давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Пас аз ба даст овардани истиқлолияти кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аҳамияти хосса зоҳир менамояд. Санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Стратегияи сиёсати давлати ҷавонон то соли 2020 ва Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавононро фароҳам оварданд. Мақсади асосии татбиқи ин сиёсат низ таъмини шароити ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ барои ҷавонон мебошад.
Ҳамчунин декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Дилшод Сафарбек зикр намуд, ки бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ таъмини волоияти қонун ва таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ аз маърифати ҳуқуқӣ ва сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ин қишри ҷомеа вобаста мебошад. Дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёде роҳандозӣ карда шудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






