Тавассути 8-умин Фестивали рақсу мусиқӣ дар Ҳиндустон робитаҳои фарҳангии кишварҳо таҳким меёбанд
ДУШАНБЕ, 20.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон аз 13 то 18 январи соли 2018 8-умин Фестивали байналмилалии рақсу мусиқӣ баргузор мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири «Ховар» хабар доданд, фестивали мазкур аз ҷониби Шӯрои Ҳиндустон оид ба пешбурди муносибатҳои фарҳангӣ бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии байни кишварҳо ташкил мегардад.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои иштирок дар ин ҷашнвора гурӯҳҳои рақсӣ ва овозхонии иборат аз 8-10 нафар даъват карда мешаванд.
Хоҳишмандони иштирок дар ҷашнвора барои маълумоти муфассал оид ба шартҳои иштирок ва супоридани аризаи дархостӣ бояд ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






