«Тоҷик Эйр» парвозҳоро ба Урумчӣ барқарор менамояд
ДУШАНБЕ, 22.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» аз 21 декабри соли равон ба иҷрои хатсайри Душанбе – Урумчӣ – Душанбе шурӯъ менамояд.
Дар ин бора котиби матбуоти ин ширкат Азиз Хайруллоев ба хабарнигори АМИТ « Ховар» иттилоъ дода, зикр кард, ки «парвозҳо дар ин хатсайр як маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои панҷшанбе тавассути самолёти Boeing 737– 300 сурат мегиранд. Соати парвоз аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе 17:20 оғоз гардида, арзиши чипта 2092 сомонӣ муайян шудааст».
Бояд гуфт, ки ширкати ватании «Тоҷик Эйр» ба нақша гирифтааст, ки минбаъд шумораи парвозҳоро зиёд намояд. Дар айни ҳол дар ин самт корҳои ташкилӣ фаъолона идома доранд.
«Васеъ гардидани хатсайри парвозҳои ширкати ватании «Тоҷик Эйр» барои рафтуомади сокинони мамлакат ба хориҷи кишвар ва ворид шудани шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат мекунад»,-илова намуд манбаъ.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






