«Тоҷикагролизинг» аз Беларус ва Чин ба Тоҷикистон 72 адад трактори универсалӣ ворид кард
ДУШАНБЕ, 07.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» аз Ҷумҳурии Беларус 40 адад ва аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 32 адад тракторҳои универсалиро вориди кишвар намуда, тариқи иҷораи молиявӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳод менамояд.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти КВДҶ «Тоҷикагролизинг» Ибодулло Оқилпур иброз намуд: «ин тракторҳо дар асоси шартномаи тарафайн бо Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон интиқол дода шудаанд. Тракторҳои беларусӣ тамғаҳои МТЗ 82.1, 80Х, 1025, аз Чин тамғаҳои ЮТО 254, 304, 902 ва 1302 тасмачарх ва чархдорро ташкил медиҳанд».
Ба маълумоти Ибодулло Оқилпур, тракторҳои мазкур бисёрсоҳа буда, дар байни боғу токзор ва заминҳои кишт фаъолият намуда, ба шароити иқлими ҷумҳурӣ мусоид мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл КДДҶ «Тоҷикагролизинг» аввалин маротиба барои шоликорони ҷумҳурӣ аз Германия 10 адад комбайнҳои тасмачарх ва чархдори шолидарави навъи «KLAAS-Tiger»-ро ворид намуда буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






