«Тоҷикистон хонадони ҷовидони Ваҳдат аст!»-дарси ифтихори миллӣ дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 17.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии баргузории Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон» барномаи фарҳангӣ ва «Дарси ифтихори миллӣ» бо хонандагони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе доир гардид.
Иштирокдорони «Дарси ифтихори миллӣ» вобаста ба саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлат, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа, густариши фарҳанги сулҳ ва ваҳдату ризоияти миллӣ сухан гуфтанд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, барномаи мазкур дар доираи ҳамоиши «Тоҷикистон хонадони ҷовидони Ваҳдат аст», ки бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бахшида ба ҷашнҳои таърихию сиёсии мамлакат роҳандозӣ гардидааст, доир гардид.
Ҳадафи ҳамоиш аз тарғиби саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон, нақши ваҳдати миллӣ ҳамчун омили меҳварии таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарғиби ваҳдату ризоияти миллӣ ба сифати дастоварди нодиртарини ҷомеаи муосир, баланд бардоштани нақши аҳли эҷод дар тарбияи маънавӣ ва сиёсии ҷомеа иборат буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






