Тоҷикистон- Ҳиндустон: ҳунари филмсозӣ дар рушду густариш ва тарғиби фарҳангу тамаддун нақши муҳим дошта метавонад

Ноябрь 22, 2017 16:57

ДУШАНБЕ, 22.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асри 21-ро асри иттилоот мегӯянд. Дар ин раванд дастрасӣ ба ҳар гуна иттилоот осон шуда, шеваҳои таъсиррасонӣ низ гуногуншакл шудаанд. Имрӯз ҳунари филмсозӣ дар ин раванд бисёр муассир буда, дар рушди огоҳӣ ва маърифатнокии башар саҳми вижа дорад. Он метавонад барои рушду густариш ва тарғиби фарҳангу тамаддуни мардумон нақши муҳим дошта бошад. Ин суханонро директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрмаҳмад Ниёзӣ зимни ҳамоиши «Ҳиндустону Тоҷикистон: 25 соли дӯстӣ», ки дирӯз дар ин ниҳод баргузор гардид, иброз намуд.

Мавсуф дар ҳузури фарҳангшиносону санъатшиносон доир ба ҷанбаҳои илмию амалии ҳамоиш ва 25 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар дар доираи манфиатҳои муштарак ибрози назар намуда, зикр кард, ки ҳунари филмсозӣ яке аз шеваҳои муаррифии фарҳангҳо ба шумор рафта, барои густариши фарҳангҳои мардумсолорӣ ё даҳшатафканӣ ҷойгоҳи хос дорад.

Тавре маълум гардид, ин навбат иштирокдорони ҳамоиш «Таҳаввул ва такомули кинои Ҳиндустон ва таъсири он ба рушди кинои тоҷик»-ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Котиби дуюми Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Шри Мидхундар зикр намуд, ки муносибатҳои Ҳиндустону Тоҷикистон таърихан наздику самимианд ва вохӯрии имрӯза метавонад барои рушди ҳамкории ҳарду кишвар таъсиргузор бошад. «Кино сарҳад надорад, аз ин рӯ мо тасмим гирифтаем, ки рӯзҳои наздик намоиши филмҳои Ҳиндустонро дар Тоҷикистон баргузор намоем ва кӯшиш мекунем, ки дар оянда низ ҳамкории ҳарду кишвар дар ин самт ривоҷ ёбад»,-гуфт Шри Мидхундар.

Бояд зикр намуд, ки ҷамъомад бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ ва Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон баргузор гардида, дар он фарҳангшиносон, донишмандону ихлосмандони кинои тоҷику ҳинд ширкат намуданд.

Коргардони ҷавони синамои тоҷик Шарофат Арабова дар мавзӯи «Таҳаввул ва такомули кинои Ҳиндустон ва таъсири он ба рушди кинои тоҷик» сухан карда, зикр намуд, ки филмҳои ҳиндӣ дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла, дар Тоҷикистон хеле машҳур буда, мухлисони зиёд доранд. «Мо, филмсозони тоҷикро мебояд, ки таҷрибаи кишварҳоеро, ки собиқаи таърихии тӯлонии филмофарӣ доранд, васеъ истифода барем»,-зикр кард номбурда.

Ҳамчунин фарҳангшинос Саъдулло Раҳимов аз таърихи фарҳанги бойи ин ду кишвар ёдовар шуда, ба сатҳу сифати кинои Ҳиндустон баҳои баланд дод.

Ёдовар мешавем, ки робитаҳои мутақобилаи мардуми тоҷику ҳинд таърихи тӯлонӣ дошта, Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҷумлаи аввалин кишварҳое буд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.

Ноябрь 22, 2017 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд