Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд ҳамкориро густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рушд ва тақвияти ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд (БОР) дар меҳвари мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва директори иҷроияи алтернативии БОР Маҳбуб Аҳмад қарор гирифт.
Бино ба хабари Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, мулоқот дар Душанбе доир гардида, мусоҳибон паҳлуҳои гуногуни ҳамкории самарабахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушдро матраҳ намуданд.
Сарчашма иттилоъ медиҳад, ки дар анҷоми мулоқот мусоҳибон ҷиҳати дар оянда густариш додани ҳамкории дуҷониба миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд омодагии худро баён доштанд.








БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






