Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо 9 варзишгар намояндагӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 08.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 12 ноябр дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни калонсолон баргузор мешавад, ки дар он 9 варзишгари тоҷик ширкат мекунанд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар чемпионати имсола қариб 1000 нафар варзишгарон аз 90 кишвар иштирок менамоянд. Аз ҷумла, варзишгарон аз Чин, Бангладеш, Сент-Люсия, Миср, Конго, Кот-д’Ивуар барои медалҳо рақобат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа варзишгарон Ҷомии Ҳасан (52 кг), Акмалиддин Каримов (57 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Хушқадам Хусравов (68 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (74 кг), Зафар Олимшоев (82 кг), Умед Ҳасанбеков (90 кг), Фирдавс Насимов (-100 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашов (+100 кг) намояндагӣ мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






