«Тохтамиш»-баландтарин ва сардтарин нуқтаи марзӣ дар Тоҷикистон ба фасли зимистон омода аст

Ноябрь 10, 2017 10:06

ХОРУҒ, 10.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дидбонгоҳи сарҳадии «Тохтамиш», воқеъ дар ноҳияи Мурғоб аз сатҳи баҳр дар баландии беш аз 3 ҳазор метр ҷойгир аст. Сардии ҳаво дар фасли зимистон дар ин мавзеъ баъзан аз 45 дараҷа ҳам мегузарад. Фасли сармо агар дар дигар ноҳияҳои кишвар ҳамагӣ се моҳро дар бар гирад, дар ин ноҳия он наздик ба 7 моҳ идома меёбад.

Ба гуфтаи старшинаи дидбонгоҳи мазкур Ҳалим Бухориев, инро ба назар гирифта,  Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муътадил паси сар кардани фасли зимистон афсарону сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадии ноҳияи Мурғобро сари вақт бо маводи сӯзишворӣ ва хӯроку пӯшоки гарм таъмин мекунад. Дар назди дидбонгоҳ хоҷагии ёрирасон ташкил шудааст, ки дар он чанд сар қутос ва моли майда парвариш меёбанд. Дар рӯзҳои ҷашн  барои афсарону сарбозон аз ҳисоби  маҳсулоти ин хоҷагӣ дастурхони идона ороста мешавад.

Ба ҷуз ин дар ҳудуди дидбонгоҳ   гармхона бунёд шудааст, ки  дар он панҷ намуди сабзавот, аз ҷумла, караму пиёз, сабзиву кашниз  парвариш мекунанд. Ҳафтае ду маротиба ба рӯи дастурхони сарбозон меваҷот гузошта мешавад, зеро дар ин минтақаи баландкӯҳ  тани инсон ба меваю сабзавот ниёзи бештар дорад.

Сардори отряди сарҳадии Мурғоб Файзулло Маталиев, ки ба он дидбонгоҳҳои «Тохтамиш», «Рангкӯл», «Қизилработ», «Қизилард» ва «Речной» тааллуқ доранд, мегӯяд, ки онҳо новобаста ба иқлими сард ва мавқеи ҷуғрофӣ шабу рӯз хати марз бо се кишвари ҳамсоя- Афғонистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро муҳофизат мекунанд.

Дар ноҳияи Мурғоб ду ҳафта пеш мавсими гармкунии биноҳо оғоз ёфт ва он то моҳи апрели соли оянда давом мекунад. Дар анборҳои отряди сарҳадӣ ва ҳамаи дидбонгоҳҳои ин  минтақа  хӯроку пӯшоки гарм ва сӯзишвории кофӣ захира шудааст. Барои сари вақт ва моҳирона иҷро кардани вазифаҳои чангӣ ҳайати шахсӣ бо аслиҳа ва техникаи муосири ҳарбӣ, ки ба шароити кӯҳистон мувофиқ аст, таъмин мебошад.

 

Ноябрь 10, 2017 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд