«Варзиш – қосиди сулҳ»-машқи оммавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ
ДУШАНБЕ, 24.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони «Шаршара» – и назди Наврӯзгоҳи пойтахт таҳти унвони «Варзиш – қосиди сулҳ» машқи пагоҳирӯзии оммавӣ бо иштироки беш аз 10 000 нафар баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар машқи пагоҳирӯзӣ варизишгарони маъруфи кишвар, кормандони ҷавони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мураббиён, устодони соҳаи варзиш, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва сокинони шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки Парчами давлатӣ рамзи соҳибистиқлолӣ ва оромиву осудагии кишвар ба ҳисоб меравад ва варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ муаррификунандаи варзиши тоҷик ва парчамбардорони давлату миллати тоҷик мебошанд.
Ҳамзамон дар доираи машқҳои пагоҳирӯзӣ дар майдони «Шаршара»- и Наврӯзгоҳ бозиҳои мухталифи варзишӣ бо ҷалби наврасону ҷавонон баргузор карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки чорабиниҳои гуногуни варзишӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар давоми рӯз идома меёбанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






