Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 10 – уми ИСЕСКО иштирок намуд

Ноябрь 23, 2017 13:02

ДУШАНБЕ, 23.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Созмони исломӣ оид ба илм, маориф ва фарҳанг, Созмони ҳамкории Исломӣ ва дар маҷмӯъ ба ҳама созмонҳо ва иттиҳодияҳои динӣ назари мусбат дошта, пайваста мекӯшад, то муносибатҳоро дар доираи ҳамкории судманд бо ин созмонҳо ҳарчи бештар таҳким бахшад. Ин матлабро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар ҷаласаи 10-уми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони исломӣ оид ба илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) дар шаҳри Хартуми Ҷумҳурии Судон баён дошт.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷаласаи мазкур аз 21 то  23 ноябри соли 2017 идома меёбад.

Вазири фарҳанг аз минбари баланди ИСЕСКО бо забони тоҷикӣ сухан гуфта,  паёми мардуми тоҷикро расонид ва оид ба мавқеи дини ислом ва арзишҳои волои инсонии он ҳарф зад.

Шамсиддин Орумбекзода инчунин иброз дошт, ки роҳбарияти Тоҷикистон борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ дини Исломро дини мусолиҳатомез, таҳаммулгаро ва муттаҳидкунандаи башарият дониста, онро аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб орӣ пиндоштаанд.  Аз ҷумла, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз минбари СММ чунин гуфта буданд: «Зуҳуроти фалокатбори терроризму экстремизм ҳеҷ умумият ба дини мубини ислом надоранд. Пешвоёни ин зуҳурот ва ҳаракатҳо бо истифода аз номи дини ислом ғаразҳои ҷангҷӯёнаи худро амалӣ карда, номи мубораки дини исломро доғдор менамоянд, ҳол он ки дини ислом сарчашмаи арзишҳои бузурги маънавӣ, аз қабили некиву саховатмандӣ, инсондӯстиву адолатпарварӣ ва илмомӯзиву таҳаммулгароӣ мебошад».

Боиси зикр аст, ки суханронии Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар ҷаласаи 10 – уми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони исломӣ оид ба илм, маориф ва фарҳанг дар шаҳри Хартум бо забони тоҷикӣ садо дод ва бо забонҳои арабӣ, англисӣ ва франсузӣ тарҷума гардида, манзури иштирокчиёни ҷаласа гардид.

Ноябрь 23, 2017 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд