Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Ёвари Дабири кулл ва Мудири бахши минтақавӣ барои Аврупо ва ИДМ Барномаи рушди СММ мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 10.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба таъмини амният ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ёвари Дабири кулл ва Мудири бахши минтақавӣ барои Аврупо ва ИДМ Барномаи рушди СММ Ҷиҳан Султоноғлу баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ баррасӣ шуданд. Инчунин ҷонибҳо доир ба тақвияти шарикӣ ҷиҳати татбиқи амалии барномаҳои дарозмуддати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории чорабиниҳои байналмилалии вобаста ба ҳадафҳои рушди устувор табодули назар карданд.








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






