Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Самарқанд чанд мулоқоти судманд анҷом дод
ДУШАНБЕ, 10.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои таъмини амният ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд.
Дар конфронс, ки зери сарпарастии СММ таҳти унвони “Осиёи Марказӣ: гузаштаи умумӣ ва ояндаи муштарак, ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор ва шукуфоии мутақобил” барпо шуд, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов иштирок ва суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ роҳбари ҳайати Тоҷикистон мавқеи кишварро доир ба масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар раванди пешбурди муштараки ҳадафу вазифаҳои рушди устувор ироа намуд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои таъмини амният ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ чанд мулоқоти судманд анҷом дод.
Дар мулоқоти хосаи Сироҷидин Аслов бо Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ хонум Федерика Могерини масъалаҳои муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, аз қабили амният, рушди иқтисодӣ, ҳуқуқи инсон ва Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, мусоҳибон дар мавзӯи ҳамкориҳои судманд дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ бо Ф.Могерини мавзӯи татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 низ матраҳ гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин ҳавасмандии хешро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо иброз намуданд.
Дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ масоили марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин густариши беш аз пеши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, коммуникатсия, ҳамлу нақл, саноат, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф ва ҳамкорӣ ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ дар таъмини рушди босуботи Афғонистон, татбиқи тарҳҳои зерсохторӣ ва барномаҳои иқтисодию энергетикии дорои аҳамияти миллию минтақавӣ зарур таъкид гардид.
Атрофи масъалаҳои мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо дар ҳошияи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.
Зимни мулоқоти Сироҷидин Аслов бо Комиссари Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва рушд ҷаноби Невен Мимитса ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, роҳҳои таҳкими ҳамдастӣ дар ҷодаи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро муҳокима намуданд. Намояндаи баландпояи Иттиҳоди Аврупо омодагии хешро барои мусоидат намудан дар пешбурди фаъоли лоиҳаву барномаҳои гуногунсоҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон иброз намуд.
С.Аслов ва Н.Мимитса аз сатҳи кунунии муносибатҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон ҳавасмандии хешро барои таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён намуданд.
Дар ҷараёни мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ёвари Дабири кулли СММ оид ба масоили сиёсӣ Мирослав Енча ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои фарогир миёни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла ниҳодҳои тахассусии он баррасӣ гардиданд.
Масъалаҳои мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ ва вазъият дар минтақа низ дар меҳвари музокирот қарор доштанд.








Дар Душанбе мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Чин Ли Сян баргузор гардид
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбаргузор гузошт
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд
Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд






