Вазорати тандурустӣ: фавти умумӣ дар ҷумҳурӣ 2,7 маротиба кам шуда, дарозумрии миёна ба 76 сол расидааст

Ноябрь 28, 2017 09:52

ДУШАНБЕ, 28.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар 5 соли охир фавти модарон 1,8 маротиба ва фавти кӯдакон 2,7 маротиба коҳиш ёфтааст. Ин матлабро сардори раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе баён дошт.

Бояд гуфт, ки дар доираи  ҳамоиш бахшида ба Шарҳи якҷояи соли ҳафтуми  татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» дар  Маҷмааи давлатии «Душанбе Плаза» нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон сурат гирифт. Дар нишасти матбуотӣ  дастовардҳои умумӣ ва вазъи  татбиқи соли ҳафтуми амалишавии «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Зикр шуд, ки имрӯз бемории сил дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфта,  нисбат ба сад ҳазор аҳолӣ  фавт 50 фоиз кам шудааст. Бемориҳои сироятӣ бо роҳи  ваксинаҳои идорашаванда табобат ёфта,    бемориҳои ғайрисироятӣ  дар ҷумҳурӣ тамоюли пастравӣ доранд.   Инчунин оид ба бемориҳои фишорбаландӣ ва бемории қалб гуфта шуд, ки   на танҳо дар ҷумҳурии мо, балки дар тамоми ҷаҳон бемории дил ҷавон шуда истодааст.  Дар робита ба ин дар ҷумҳурӣ Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил дар давраи солҳои 2007-2015 қабул гардида буд.

Айни ҳол нақшаи стратегии мубориза бо бемориҳои  ғайрисироятӣ, аз ҷумла, бемориҳои дилу рагҳои хунгард қабул шудааст ва дар ин самт дар масъалаҳои таҳияи стандартҳои табобатӣ корҳо идома доранд. Барои сари вақт ошкор намудани ин бемориҳо дар самти беҳтар намудани хизматрасонии  тиббӣ бо дастгирии шарикон оид ба рушд усулҳои навӣ  табобату ташхис  роҳандозӣ гардида истодаанд.

Зимни нишаст ҳамчунин зикр шуд, ки фавти  умумӣ дар ҷумҳурӣ  2,7 маротиба кам шуда,    дарозумрии  миёна ба 76 сол расидааст.

 

 

 

Ноябрь 28, 2017 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа