ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…
ДУШАНБЕ, 2.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза аз ҳолатҳои нохуши садамаҳои нақлиётӣ, дуздию қаллобӣ, ба ҳалокат расидани шаҳрвандон бар асари беэҳтиётӣ ва қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ хабарҳо нашр мекунад. Ба манзури хавфи иҷтимоии ин ҳолатҳо, ҳушдори одамон ҷиҳати ҳушёрию зиракӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш мо чанде аз ин хабарҳоро бознашр мекунем.
Қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон
Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 44-солаи сокини ноҳияи И.Сомонӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2014 марди 48-солаи сокини кӯчаи Қазоқони пойтахт, директори филиали ҶСК “Соҳибкорбонк”, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 660 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Гумонбаршуда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, корҳои тафтишотӣ дар ин самт давом доранд.
Дуздӣ дар манзили истиқоматӣ
Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 29 октябри соли ҷорӣ, тахминан соати 04:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ашёҳои рӯзгорро ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 52-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон
Аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи Файзобод марди 38-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, собиқ директори ҶСП «Тоҷикпродбонк» ҳамчун гумонбар дар қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда 22 декабри соли 2014 аз ҶСП «Тоҷикпродбонк»-и ноҳияи Файзобод ба номи падараш, марди 61-солаи сокини шаҳри Ваҳдат шартномаи қарзӣ тартиб дода, аз бонки мазкур 120 ҳазор сомонӣ барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 24 моҳ қарз гирифта, маблағро то ҳол барнагардонидааст. Аз рӯи ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






