ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…

Ноябрь 8, 2017 09:31

ДУШАНБЕ, 8.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза аз ҳолатҳои нохуши садамаҳои нақлиётӣ, дуздию қаллобӣ, ба ҳалокат расидани шаҳрвандон бар асари беэҳтиётӣ ва қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ хабарҳо нашр мекунад. Ба манзури хавфи иҷтимоии ин ҳолатҳо, ҳушдори одамон ҷиҳати ҳушёрию зиракӣ ва  пешгирии ҳодисаҳои нохуш мо чанде аз ин хабарҳоро бознашр мекунем.

Зани қаблан судшуда боз даст ба ҷиноят зад

Ба мақомоти корҳои дохилӣ зани 35-солаи сокини ноҳияи Сино муроҷиат кардааст, ки 31 октябри соли равон, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонааш шуда, аз он ҷо 1 адад компютери тамғаи «LG» ва 8000 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 15000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Кормандони милитсия зани 25-солаи сокини шаҳри Кӯлобро, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд. Оид ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Муайян гардидани далелҳои қаллобӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат намудааст, ки 10 октябри соли ҷорӣ, марди 26-солаи сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 адад мошини тамғаи «Chevrolet Lacetti»-ро, ки арзишаш 61000 сомониро ташкил медиҳад, гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст. Ҳамин тариқ, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино шаҳрвандон: мардони 24, 25, 37-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва марди 40-солаи сокини шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудаанд, ки моҳҳои феврал, март, апрел, май ва июни соли равон марди 31-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариашон даромада, аз онҳо 12 ҳазору 700 доллари амрикоӣ гирифта, маблағашонро то ҳол барнагардонидааст. Гумонбаршудагон аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардиданд.

Рабудани мошин аз назди хона

 Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 25-солаи сокини кӯчаи Чармгарони шаҳри Кӯлоб муроҷиат намудааст, ки 4 ноябри соли 2017, шахсони номаълум мошини шахсиаш- тамғаи «Опел-Астра»-ро, ки дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе беназорат меистод, ғайриқонунӣ рабудаанд.

Ҳангоми гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 40-солаи сокини кӯчаи Нонвойи поёни шаҳри Кӯлобро бо гумони ғайриқонунӣ ронда, бурдани воситаи нақлиёт дастгир намуда, далели шайъӣ гирифтанд.
Нисбат ба ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Ошкор гардидани ҳолатҳои дуздӣ

 Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод роҳбарияти ҶДММ «Ганҷи Ҳилол» муроҷиат намудааст, ки шаби 5 ноябри соли ҷорӣ, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди ҶДММ «Ганҷи Ҳилол» шуда, аз он ҷо 1 адад насоси обпарто, 1 адад муҳаррики 17-квта, 1 адад муҳаррики 22-квта ва асбобҳои таъмиркуниро ба маблағи 9810 сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 48-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Зимни тафтиш муайян карда шуд, ки номбурда 26 октябри соли равон бо роҳи пинҳонӣ вориди ҶДММ «Ганҷи Ҳилол» шуда, аз он ҷо 1 адад насоси 55-квтаро, ки арзишаш 15000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

 

Ноябрь 8, 2017 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд