ВОРИСОНИ СИНО АЗ ҚИРҒИЗИСТОН. Гурӯҳи тоҷикписарони ин кишвар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм намуда, ба назди волидайни худ баргаштанд

Ноябрь 29, 2017 17:44

ДУШАНБЕ, 29.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи тоҷикписарони кишвари Қирғизистон бо сарбаландӣ Донишгоҳи тиббии Точикистон ба номи Абӯали Ибни Синоро хатм намуда,  бо дипломи духтурӣ ба назди волидайни худ баргаштанд. Дар ин бора  муовини раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ, сардабири нашрияи «Паёми Ала Тоо» (Бишкек)  Қодиршои Мурувват дар саҳифаи худ дар Facebook хабар додааст. Ӯ дар идома менависад:

Ин ҳама имконот дар чаҳорчӯби барномаи кумак ба ҳамзабонони бурунмарзӣ амалӣ мешавад ва аз соли 2008 то ба ҳол худуди 400 нафар ҷавонписарону ҷавондухтарони тоҷик ба донишгоҳҳои мухталифи шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд қабул шудаву чанде акнун соҳибихтисос гардидаанд. Ин икдом, ки бинобар ҳимояти Ҳукумати Тоҷикистон таҳаққуқ меёбад, дар роҳи болоравии ифтихороти милливу таърихии ҳамзабононамон дар Қирғизистон нақши шоистаро иҷро менамояд.

Тайи 4-5 сол ҷавонони донишҷӯ бо Тоҷикистон ва ҷавонони ҳамсабақи худ ошноии бештар пайдо карда,эҳсосоти дӯстдории забону фарҳанги миллӣ дар руҳу қалбашон ҷойгоҳи бештар пайдо мекунад ва онҳо то нафаси охир ин ифтихоротро ҳифз намудаву ба дигарон низ талқин мекунанд.

Дар Қирғизистон аз аҳди қадим тоҷикон зиндагӣ доштаанд ва ҳоло шумораи ҳамзабононамон беш аз 55 ҳазор нафарро ташкил медиаҳад. Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рудакй барои тоҷикон нашрияи тоҷикии «Паёми Ала-Тоо»-ро роҳандозӣ намудааст, ки ба унвони оийнаи рӯзгори ҳамзабононамон баррасӣ мегардад.

 

Ноябрь 29, 2017 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд