«Зебоӣ — наҷотбахши ҳаёт». Намоиши 50 асари донишҷӯён дар Осорхонаи Хатлон
ҚӮРҒОНТЕППА, 18.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 50 адад офаридаҳои омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар Осорхонаи вилоятии шаҳри Қӯрғонтеппа ба намоиш гузошта шудаанд. Ин намоиши корҳои эҷодӣ таҳти унвони «Зебоӣ — наҷотбахши ҳаёт» то 19 ноябри соли равон идома меёбад. Тавре дар маросими кушодашавӣ зикр гардид, намоиши мазкур ба 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва Соли ҷавонон бахшида шудааст.
Ҳамарӯза аз ин намоишгоҳ нафарони зиёд дидан менамоянд. Аз ҷумла, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода бо як гурӯҳ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зимни тамошо ба ин офаридаҳо баҳои баланд доданд.
Дар намоишгоҳ ҳамчунин тамсилаҳои либос, ки аз ҷониби донишҷӯёни ихтисоси “Дизайни костюм” тарҳрезӣ ва дӯхта шудаанд, мавриди тамошо қарор доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






