ЗИМИСТОН МЕОЯД… Корҳои омодагӣ дар минтақаи Рашт идома доранд

Ноябрь 9, 2017 09:28

РАШТ, 09.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи   давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои  автомобилгард»-и  минтақаи Рашт дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» дар 7 муассисаи  давлатии нигоҳдории  роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои водии Рашт ва минтақаи Ҳоит ва Лахш 2945 м3   маводи зиддилағжиш, 17,5 тонна намаки техникӣ, 22 тонна ангишт, 38 м3 ҳезум ва 16 ҳазору 600 литр сӯзишвории дизелӣ захира намудааст. Дар ин бора сардори муассиса Нуриддин Саидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Идораи хоҷагии роҳҳои  автомобилгарди  минтақаи Рашт дар тавозуни худ 941,6 км роҳҳоро ба уҳда дорад, ки аз он 299,1 км роҳҳои  байналмилалӣ, 174,64 км  роҳҳои ҷумҳуриявӣ  ва 467,88 км роҳҳои  маҳаллӣ мебошанд.

Соли равон барои ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингард аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои водии Рашт 234 км роҳҳо таъмири  асосӣ ва ҷорӣ  гардида, 574,9 метр пулҳо  таъмир ва барқарор шуданд. Инчунин барои зимистонгузаронӣ 49 адад техника ва механизмҳо мавриди омодабош қарор доранд. Аз ин шумора ду адад техникаи роҳдорӣ ба таври доимӣ дар ағбаи Қарамиқи  ноҳияи Лахш вобаста карда шудаанд.
Тибқи иттилои  муовини сардори Идораи хоҷагии роҳҳои  автомобилгарди  минтақаи Рашт Ҷамшед Қурбоналиев, ҷиҳати истифодаи мақсадноки техника ва механизмҳои роҳсозӣ ва беҳдошти ҳолати роҳҳои мошингарди маҳаллии истифодаи умум дар фаслҳои тирамоҳу зимистон аз ҳисоби буҷети ноҳияҳои  Нуробод 61 ҳазору 870 сомонӣ, Сангвор  50 ҳазор сомонӣ, Тоҷикобод 24 ҳазору 970 сомонӣ  ва  Лахш 29 ҳазору 300 сомонӣ ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои мазкур маблағгузорӣ шудааст.

Вале  то имрӯз барои пурра омода гардидани Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Рашт ва минтақаи Ҳоит ба давраи зимистони солҳои  2017-2018 аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт маблағ ҷудо  нагардидааст.

Ноябрь 9, 2017 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад