Зоир Раҳмонзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе: “Иҷлосияи сарнавиштсоз-саҳифаи тиллоии таърихи тоҷикон”
ДУШАНБЕ, 17.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлили таҷрибаҳои бештари халқияту мамолики мутараққии ҷаҳон исбот намудааст, ки рушду инкишофи давлат, устувории бахшҳои муҳим ва мухталифи хоҷагии халқ аз таъмини сулҳу субот ва фазои мусоиди корӣ вобастагии мустақим дорад.
Маҳз бо баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ва аввалиндараҷаи давлатдории миллӣ ноил гардид. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти як қатор созмон ва ташкилотҳои сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта ва аз тарафи 130 давлати олам ба расмият шинохта шуд. Хушбахтона, имрӯз ташаббусҳои байналмилалии созандаи он дар масъалаҳои муҳим ва саривақтии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо мекунанд, ки ин боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди мамлакат аст.
Иҷлосияи таърихӣ бо қабули қарорҳои таърихии барои миллату давлати навбунёди тоҷикон зарурӣ аз ҳодисоти сарнавиштсоз ва раҳнамунсози давлати мо гардид. Барои барқарор кардани пояҳои сохти конститутсионии кишвар ва ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон 74 санади меъёрию ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки рушди ҷомеа ва низоми аз байн рафтаи онро муайяну мушаххас сохта, роҳҳои қонунии ҳалли онҳоро ба миён гузошт. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия ояндаи кишвари мо ба унвони ҷумҳурии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ гардид.
Тавре маълум аст, кишвари мо то соли 1997 пойбанди моҷарои дохилӣ буд ва вазифаи асосии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худ ҳанӯз дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас карда буданд, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва ба Ватан баргардондани фирориён ба шумор мерафт. Бо мақсади иҷро ва дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳои созанда Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои фидоии миллати сарбаланди тоҷик намунаи аз худ гузаштанҳоро нишон дода, ҳамаи ҷонибҳои ба сулҳи тоҷикон манфиатдорро гирди ҳам овард ва дар ниҳоят, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид.
Маҳз ин рӯйдоди муҳими таърихӣ тавонист, ки тоҷиконро ба сулҳу ваҳдат оварад, барои устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ ва навини тоҷикон дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ замина фароҳам созад. Дар Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дигаргуниҳои ҷиддӣ, ки дар ҳамон давра падид омад, ин ворид намудани тағйиру илова ба Конститутсияи кишвар буд, ки дар ҷараёни иҷлосия қабул карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Баъди баргузории Иҷлосияи тақдирсоз миллати тоҷик тавонист, ки таҳти роҳбарии ин шахсияти сарсупурдаи миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми арсаҳои давлатдорӣ рушд ёбад ва пояҳои давлатдории навини тоҷикон бо гузашти беш аз ҳазор сол таҳкиму устувор гардад.
Боиси зикр аст, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои ҷиддӣ ба вуҷуд омаданд. Ҳамзамон барои таъмини сулҳ ва барқарор намудани инфрасохтори давлат дар ин Иҷлосияи тақдирсоз дар маҷмӯъ, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул шуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ нақши калидӣ бозиданд.
Ҳамин тариқ, дастовардҳои давлату давлатдории тоҷикон тӯли солҳои истиқлолият қобили мулоҳиза ва зикри махсус мебошад. Вале дар маҷмӯъ, ин дастовардҳо набояд моро қаноатманд созанд. Вобаста ба ин, дар фарҷом як нуктаро мехоҳам ба таври хосса зикр намоям, ки бояд ҳар фарди бонангу номуси миллат бо бардоштани сабақи таърихӣ аз ҳодисоти гузаштаи халқамон шукронаи сулҳу суботи сарзамини аҷдодиямонро ба ҷо оварда, ба қадри неъмати бебаҳо- Истиқлолияти давлатӣ бирасад ва барои ободии Тоҷикистони азиз саҳми софдилонаву содиқонаи худро бигузорад.
Зоир РАҲМОНЗОДА,
раиси КИ ҲХДТ
дар шаҳри Душанбе








Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон






