«90 фисади анборҳои нигоҳдории маводи гӯштӣ дар мамлакат ғайристандартӣ буда, ба ягон талабот ҷавобгӯ нестанд»-бардошт аз Паёми Пешвои миллат
ДУШАНБЕ, 23.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди соҳаи парандапарварӣ дар кишвар ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ҷорӣ кардани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзҳо доир ба андоз заруранд. Ин нуктаро дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд.
Зикр шуд, ки дар робита ба ин, соҳаи парандапарварӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти озуқа яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳа аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод карда шаванд.
Сарвари давлат инҷунин изҳори нигаронӣ карданд, ки ҳамасола аз хориҷи кишвар аз 36 то 40 ҳазор тона гӯшти мурғ ворид мешавад, ки ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ нестанд.
Пешвои миллат бо изҳори нигаронӣ гуфтанд, ки 90 фисади анборҳои нигоҳдории маводи гӯштӣ дар мамлакат ғайристандартӣ буда, ба ягон талабот ҷавобгӯ нестанд. Дар баробари ин, технологияи нигоҳдории маҳсулоти гӯштӣ дар сатҳи зарурӣ ва тибқи меъёрҳои қабулшуда таъмин нагардидааст ва соҳибкоронро зарур аст, ки дар ин самт низ чораҷӯӣ намоянд.
ДАР АКС: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 корхонаи нави парандапарвариеро ифтитоҳ намуданд, ки аз 7 мурғхона барои парвариши чӯҷаҳо, инкубатор ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






