Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 24-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи САҲА иштирок дорад

Декабрь 8, 2017 15:31

ДУШАНБЕ, 08.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 7 декабри соли 2017 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти  роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар иҷлосияи 24-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки дар шаҳри Венаи Австрия баргузор гардида истодааст, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

С. Аслов зимни суханронӣ доир ба мавқеи Тоҷикистон роҷеъ ба нуқтаҳои мубрами рӯзномаи ҷаласа ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар минтақаи САҲА ибрози ақида намуда, талошҳои муштараки кишварҳоро дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин зарурати густариши ҳамкорӣ дар масъалаҳои бознигарии усули баргузории чорабиниҳои Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ДНДҲИ/САҲА) ва таҳкими амниятро дар минтақа таъкид намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ, аз ҷумла, даъват намуд, ки баъзе аз кишварҳои САҲА сиёсати духӯраи худро дар самти мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ хотима бахшида, ҷиҳати пешбурди муборизаи беамон ва решакан намудани ин хатарҳо ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Тоҷикистон мусоидати ҳамаҷониба расонанд.

Ҳамчунин ӯ роҷеъ ба чолишҳои рӯзафзуни террористӣ, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва афзоиши гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла, ДОИШ дар Афғонистон, хусусан дар шимоли он изҳори нигаронӣ намуда, аз кишварҳои САҲА ҷиҳати андешидани тадбирҳои мушаххас дар самти таҳкими сарҳади давлатӣ, бахусус тариқи расонидани кумакҳои молиявӣ ва фаннӣ даъват ба амал овард. Дар робита ба ин, ҳавасмандии амиқи Тоҷикистон барои ҳарчи зудтар пойдор гардидани сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя зикр гардид.

Қобили зикр аст, ки кори иҷлосияи мазкур 8 декабр низ идома меёбад.

Декабрь 8, 2017 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст