Ҷавонони деҳаҳои ҳамсарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар маъракаи «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» ширкат карданд

Декабрь 2, 2017 09:43

ХУҶАНД, 02.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон аз 25 ноябр то 10 декабр маъракаи «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» доир мегардад, ки ҳадаф аз он ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти умдаи иҷтимоӣ, бахусус зӯроварии оилавӣ ва бадрафторӣ нисбат ба занону духтарон мебошад.
Вобаста ба ин маъракаи муҳим дар доираи лоиҳаи «Таквияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон», ки аз ҷониби Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон  роҳандозӣ мегардад, миёни ҷавонони деҳаҳои ҳамсарҳади ин ду кишвар маҳфили муфид доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» мутахассиси Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон дар Суғд Зебо Қурбонова иттилоъ дод, дар доираи лоиҳаи зерин байни ҷавонони деҳаҳои наздисарҳадии «Сомониён»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Куктош»-и Ҷумҳурии Қирғизистон маҳфили маърифатӣ-иттилоотӣ оид ба «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» таҳти шиори «Дар канор намон ва бо мо ҳамкорӣ бикун» баргузор гардид.

Барнома бо роҳнамоии намояндаи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Дилшода Шарипова доир гардида, зимни он видеоролик оид ба ҷой доштани  ҳолати хушунат намоиш дода шуд. Ҳамчунин аз ҷониби коршинос оид ба масоили гендерӣ Ирода Бобоҷонова ва сартренер аз Ҷумҳурии Қирғизистон Жайлообек Жакшиликов оид ба вазъи ҳуқуқи занон дар ҷаҳон ва таърихи таҷлили ин сана, ки ҳамасола 25 ноябр оғоз шуда, онро ҳамчунин “рӯзи норинҷӣ” низ меноманд, маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Гуфта шуд, ки тибқи маълумоти Ташкилоти байналхалқии тандурустӣ, дар олам ҳар сеюм зан ба хушунат гирифтор буда, ин мушкилот ё ҳолатҳо дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, дар Тоҷикистону Қирғизистон низ дида мешаванд. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби давлатҳои минтақаи мазкур, аз ҷумла, Тоҷикистону Қирғизистон низ баҳри ҳимояи ҳуқуқи занон ва ҳимояи онҳо аз хушунат санадҳои зарурӣ қабул гардидаанд.

Худи интихоби ранги норинҷӣ чун рамзи маърака маънои умед ва равшаниро дошта, маъракаи 16 рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат нисбат ба занон 10 декабр дар Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷамъбаст мегардад.

Баъди анҷоми маъракаи иттилоотӣ иштирокдорони он ба шаҳри Хуҷанд сафар намуда, ҳамчун нишони эътироз ба хушунат ва зӯроварӣ ва рамзи меҳру муҳаббат нисбат ба бонувону ҷавонони кишварҳои ҳамсоя тавассути алоқаи почтавии идораи шуъбаи алоқаи вилояти Суғд бо шиори «Дунёро норинҷӣ мекунем» ба дӯстону наздиконашон мактуби эҳтиром фиристоданд.

Декабрь 2, 2017 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад