Ҷавонони саодатманди кишвар минбаъд ҳам дар бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор мегузоранд-ҳамовозии ҷавонон ба Паёми Пешвои миллат

Декабрь 22, 2017 16:50

ДУШАНБЕ, 22.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун паёмҳои қаблӣ ба бахши иҷтимоӣ, аз ҷумла, ба соҳаи маориф ва таълиму тадрис аҳамияти хосса доданд.

Дар робита ба ин аспиранти Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон Ҷовид Фаёзов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор кард, ки «тавре Президенти кишвар изҳор намуданд, дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маориф аз буҷети давлатӣ 2,3 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 фоиз афзоиш ёфтааст.

Аз ҷумла, Пешвои миллат дар бораи дастовардҳои соҳаи маориф сухан карда, иброз намуданд, ки мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда- дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон мақоми 54-умро соҳиб гардидааст. Ҳамчунин аз рӯи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои ИДМ яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд».

Ин ҷавони соҳибмаърифат бо  изҳори хушҳолӣ аз дастовардҳои назарраси соҳа  зикр кард, ки ин ҳама дастовардҳо аз баракати сулҳу ваҳдат ва таваҷҷуҳу ғамхории бевоситаи Роҳбари давлат ба соҳаи маорифанд.

«Тавре Президенти кишвар изҳор намуданд,  набояд бо ин нишондиҳанда қонеъ шуда, таваҷҷуҳро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим кам намоем. Баръакс, моро зарур аст, ки зиёдтар заҳмат кашем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем ва аз тамоми имкониятхо истифода намоем, то дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардем»,-гуфт Ҷовид Фаёзов.

Аспирант Ҷовид Фаёзов аз 1 сентябри соли 2018 баланд бардоштани 15 %  маоши кормандони соҳаи маориф, стипендияи донишҷӯёни тамоми муассисаҳои таълимии кишварро далели дастгирии навбатии кормандони соҳаи маориф аз ҷониби Пешвои миллат арзёбӣ намуда, зикр кард, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо корманони соҳаи маорифро зарур аст, ки барои баландтар бардоштани сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ диҳанд.

Иштирокчии ҷавони дигар Абдурабӣ Рабизода аз даъваташ барои иштирок дар Паём изҳори хушҳолӣ карда, гуфт, ки дар ҳақиқат соли 2017 барои ҷавонон соли пурифтихор буд. Пешвои миллат аз иштироки фаъолонаи ҷавонони бонангу номус ва боирода ҳамчун неруи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

«Тавре Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар муроҷиат карданд, ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд»,-зикр кард номбурда.

Абдурабӣ Рабизода бо боварӣ изҳор кард, ки ҳамаи ҷавонон ин гуфтаҳои Пешвои миллатро сармашқи кор карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта, баҳри рушди минбаъдаи ин сарзамини аҷдодӣ хизмат менамоянд.

Декабрь 22, 2017 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд