Аз Паём то Паём: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 18.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ ба масъулин ҷиҳати дар тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла, меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳу табобатгоҳ, марказҳо ва дигар иншооти сайёҳӣ супориш дода буданд.
Тавре раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, дар асоси ин дастуру супоришҳои Пешвои миллат як зумра иншооти бузурги инфрасохтории сайёҳӣ, аз ҷумла, Маҷмааи сайёҳию лижаронии «Сафеддара», истироҳатгоҳҳои «Баҳористон», «Пули сангин», маҷмааи «СПА Ҳаёт», меҳмонхонаҳои бренди ҷаҳонии панҷситорадор, марказҳои сайёҳӣ, боғу гулгаштҳои фарҳангию саёҳатӣ ба истифода дода шуданд.
Дар ҳамин замина соли равон Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Чанде пеш Кумитаи мазкур портали миллии сайёҳӣ фаъол намуд, ки он барои расонидани маълумоти пурра ва саҳеҳ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд.
Портали миллии сайёҳии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода карда шуда, дар оянда бо забонҳои дигари хориҷӣ низ таҳия мешавад. Ин портал фарогири тамоми иттилооти зарурӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, қоидаҳои будубош, дастрас намудани раводид, фарҳангу таърих ва анъанаҳои миллӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, иқлим, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, хатсайрҳои ҳавоӣ, ҳунарҳои дастию армуғонҳо ва дигар маълумоти муҳим мебошад.
Дар портал айни замон зиёда аз 20 ширкати сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо ҷой дода шудаанд, ки тавассути онҳо сайёҳон ва дигар ҳавасмандон метавонанд мустақиман ба сомонаи ин ширкатҳо ворид шаванд.
Хотиррасон менамоем, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гашта, аз соли 2007 инҷониб заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа бо қабул ва татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», Консепсияи рушди туризм, Барномаи рушди туризм ва дигар санадҳо таҳким ёфтааст.
Бояд зикр кард, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳии мамлакат пайваста талош доранд, то он ба яке аз бахшҳои сердаромади иқтисоди миллӣ мубаддал гардад.








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






