Б. Ҷалиловро барои анҷом додани амалиёти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ҷарима карданд
ДУШАНБЕ, 25.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Суди шаҳри Ҳисор шаҳрванд Баҳодур Ҷалиловро бо моддаи 286 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 730 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 36 ҳазору 500 сомонӣ таъйин кард.
Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, номбурда барои он айбдор дониста мешавад, ки бе иҷозатномаи махсуси Бонки миллии Тоҷикистон ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи хариду фурӯши он машғул шудааст. «Ӯ бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт 4000 доллари ИМА-ро ба маблағи умумии 35 ҳазору 220 сомонӣ бо шаҳрванд А. нархгузорӣ намуда, аз номбурда 4000 доллари ИМА харида, бар ивази он 35 ҳазору 220 сомониро фурӯхтааст», -зикр кардааст манбаъ.
Ба иттилои Прокуратураи генералӣ, ин амал 17 сентябри соли 2017 дар нуқтаи фурӯши ашёи мактабӣ, ки дар бозори марказии “Самоҳ”-и шаҳри Ҳисор воқеъ аст, сурат гирифтааст.








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






