Б. Ҷалиловро барои анҷом додани амалиёти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ҷарима карданд

Декабрь 25, 2017 11:37

ДУШАНБЕ, 25.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Суди шаҳри Ҳисор шаҳрванд Баҳодур Ҷалиловро бо моддаи 286 қисми 2 Кодекси  ҷиноятӣ  гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазо дар  намуди ҷарима ба андозаи 730 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 36 ҳазору 500 сомонӣ таъйин кард.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, номбурда барои он айбдор дониста мешавад, ки бе иҷозатномаи махсуси Бонки миллии Тоҷикистон ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи хариду фурӯши он машғул шудааст. «Ӯ бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт   4000 доллари ИМА-ро ба маблағи умумии 35 ҳазору 220 сомонӣ бо шаҳрванд А. нархгузорӣ намуда, аз номбурда 4000 доллари ИМА харида, бар ивази он  35 ҳазору 220  сомониро фурӯхтааст», -зикр кардааст манбаъ.

Ба иттилои Прокуратураи генералӣ, ин амал 17 сентябри соли 2017 дар нуқтаи фурӯши  ашёи мактабӣ, ки дар бозори марказии “Самоҳ”-и шаҳри Ҳисор воқеъ аст, сурат гирифтааст.

Декабрь 25, 2017 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Гурҷистон ва Арманистон мубодилаи донишу таҷриба менамоянд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бахшида ба он дар ноҳияи Нуробод бо сокинон вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор дар назар аст
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 65-уми Ассамблеяи Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар минтақаи Искандаркӯл давраи омӯзишии «Мубодилаи таълимӣ ва амалии намояндагони «Нозирони сабз» -2024» гузаронида шуд
Барои ҷавонони Тоҷикистон мактаби тобистонаи зиддикоррупсионӣ ташкил карда мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ДАСТОВАРДҲОИ ОН. Бо сокинону фаъолони ноҳияи Ҳамадонӣ вохӯрӣ доир шуд
12 ИЮЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БО ТӮФОНИ РЕГУ ЧАНГ. Дар Тоҷикистон тибқи Барномаи «Мамлакати сабз» то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
«ЗИМЧУРУД». Дар ин ҷо 1000 нафар хонанда ба истироҳат фаро гирифта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба вилояти Хатлон 13 электромотороллер тақдим намуд