Ба 21 нафар кӯдакону наврасони гирифтори бемориҳои нуқсони модарзодии дил амалиёти ҷарроҳии дил ройгон гузаронида шуд

Декабрь 9, 2017 12:50

ДУШАНБЕ, 09.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Аз 6  то 8 декабри соли равон  дар  Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» амалиёти ҷарроҳии дил миёни кӯдакону наврасони  гирифтори бемориҳои нуқсони  модарзодии дил гузаронида шуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, иқдоми мазкур бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо сарпарастии  Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон» бо мақсади кумак ба оилаҳои эҳтиёҷманд роҳандозӣ гардида буд.

Маврид ба таъкид аст, ки амалиёти ҷарроҳӣ аз тарафи мутахассисони соҳаи тиббӣ Аморати Мутаҳидаи Араб дар ҳамбастагӣ бо  мутахасисони ватанӣ ба таври ройгон гузаронида шуданд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар»   мудири шӯбаи  умумии Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»  Муқим Фатҳуллоев  иттилоъ дод, дар давоми се рӯзи амалиёт    аз тарафи мутахассисон  21 нафар бо муваффақият  ҷарроҳӣ гардиданд.

Хотиррасон менамоем, ки    25 октябр то 3 ноябри соли   равон чунин амалиёти  ҷарроҳии дил миёни кӯдакон ва наврасони синни то 18 сола ба тариқи ройгон сурат гирифта буд, ки дар он 60 нафар     ҷарроҳӣ карда шуданд.

Декабрь 9, 2017 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд