Ба корманди комиссияи танзими ноҳияи Шаҳринав ҷазо дар намуди ҷарима таъйин гардид
ДУШАНБЕ, 13.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав нисбат ба сармутахассиси Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Фарҳод Саидов бо ҷурми қаллобӣ (моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в”,“г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол намуд. Баъд аз баррасии парванда бо ҳукми суд нисбат ба номбурда ба андозаи 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазои ҷарима таъйин карда шуд.
Тавре ба АМИТ “Ховар” аз маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар доданд, санҷиши дар ин самт гузаронидаи Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав нишон дод, ки баъзе шахсони масъули Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҷои пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо худ ба омилҳои коррупсионӣ даст зада, барои додани иҷозат оид ба гузаронидани маъракаҳо аз шаҳрвандон маблағҳои пулӣ гирифта, обрӯю нуфузи мақомоти давлатиро коста мегардонанд.
Ба маълумоти манбаъ, 2 октябри соли 2017 сармутахассиси Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав Фарҳод Саидов бо роҳи фиреб ва суиистифода аз ваколатҳои мансабиаш барои иҷозат додан оид ба баргузории тӯйи арӯсию домодӣ аз сокини ҷамоати деҳоти ба номи А. Ҳасанов, шаҳрванд Алишер Қурбонов 180 сомонӣ маблағи пулӣ талаб кардаааст, ки худи ҳамон рӯз ҳангоми гирифтани пора аз ҷониби кормандони прокуратураи ноҳия дастгир карда шуд.
“Номбурда ҳамчунин 2 октябри соли 2017 бо ҳар гуна баҳонаҳои бофтаю беасос аз шаҳрванд Ш. Эшмуратов низ барои баргузории тӯйи домодию арӯсии бародараш 150 сомонӣ гирифта, онро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст”,-илова намуд манбаъ.








Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






