Ба корманди комиссияи танзими ноҳияи Шаҳринав ҷазо дар намуди ҷарима таъйин гардид

Декабрь 13, 2017 10:30

ДУШАНБЕ, 13.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав нисбат ба сармутахассиси Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Фарҳод Саидов бо ҷурми қаллобӣ (моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в”,“г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол намуд. Баъд аз баррасии парванда бо ҳукми суд нисбат ба номбурда ба андозаи 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазои ҷарима таъйин карда шуд.

Тавре ба АМИТ “Ховар” аз маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар доданд, санҷиши дар ин самт гузаронидаи Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав нишон дод, ки баъзе шахсони масъули Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  ба ҷои пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо худ ба омилҳои коррупсионӣ даст зада, барои додани иҷозат оид ба гузаронидани маъракаҳо аз шаҳрвандон маблағҳои пулӣ гирифта, обрӯю нуфузи мақомоти давлатиро коста мегардонанд.

Ба маълумоти манбаъ, 2 октябри соли 2017 сармутахассиси Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав Фарҳод Саидов бо роҳи фиреб ва суиистифода аз ваколатҳои мансабиаш барои иҷозат додан оид ба баргузории тӯйи арӯсию домодӣ аз сокини ҷамоати деҳоти ба номи А. Ҳасанов, шаҳрванд Алишер Қурбонов 180 сомонӣ маблағи пулӣ талаб кардаааст, ки худи ҳамон рӯз ҳангоми гирифтани пора аз ҷониби кормандони прокуратураи ноҳия дастгир карда шуд.

“Номбурда ҳамчунин 2 октябри соли 2017 бо ҳар гуна баҳонаҳои бофтаю беасос аз шаҳрванд Ш. Эшмуратов низ барои баргузории тӯйи домодию арӯсии бародараш 150 сомонӣ гирифта, онро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст”,-илова намуд манбаъ.

Декабрь 13, 2017 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд
Дар ноҳияи Дарвоз оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
ТАҶРИБАИ НАВ ДАР ЗАФАРОБОД. Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Адҳамхон» 56 адад панели офтобӣ насб карда шудааст
Сокинони ноҳияи Файзобод дар заминҳои наздиҳавлигӣ бештар картошка парвариш менамоянд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони деҳаи Навдеҳи шаҳри Норак таҷрибаи пешқадами кишоварзони ҷаҳонро меомӯзанд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон аз рӯйи 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд