Бахшида ба Рӯзи энергетика дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
НОРАК, 21.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи энергетикаи тоҷик, ки ҳамасола 22 декабр таҷлил мешавад, дар толори Неругоҳи барқи обии «Норак» ба номи Т. Ӯлҷабоев ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр Ҳабиба Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар ҷамъомад раиси шаҳри Норак Фатҳулло Ҳурматзода, муовини якуми раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Маҳмадумар Асозода, нозири техникии Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон Гулмурод Холмуродов ва директори НБО- и «Бойғозӣ» Рустам Зоғаков иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки соҳаи энергетика таҳкурсии асосии мустаҳкамии иқтидори иқтисодии давлат буда, аз муҳимтарин самтҳои сиёсати стратегӣ ва калиди ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии мо аз оғози Истиқлолияти давлатии худ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат эълон намудааст.
Дар ҷамъомад 27 нафар фаъолони НБО-ҳои «Норак»-у «Бойғозӣ» ва шабакаҳои барқӣ бо ифтихорномаи мақомоти иҷроия ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак сарфароз гардонида шуда, зиёда аз 30 нафар ҷавонон, фаъолон ва собиқадорони соҳа бо туҳфаҳои моливу пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин ҷиҳати рушди сайёҳии дохилӣ ва дар рӯҳияи меҳнатдӯстию ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас, дар ин рӯз саёҳати хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимӣ, гирандагони стипендияи Президентӣ аз НБО-и «Норак» сурат гирифт. Зимни боздид хонандагон роҷеъ ба таърихи сохтмон маълумот гирифта, аз коргоҳи мошинҳо дидан намуданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






