БОЗИИ ЗЕҲНӢ: беш аз 6 сол аст, ки бо кумаки «Помирэнерҷӣ» дар мактабҳои Бадахшон дарси шоҳмот роҳандозӣ шудааст
ХОРУҒ, 15.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи шоҳмотбозони беҳтарини Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои соҳиб шудан ба Ҷоми Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Шарқ Ко» дар меҳмонхонаи «Сирена»-и шаҳри Хоруғ ба анҷом расид. Сардовари мусобиқа Вафо Нурмамадов гуфт, ки «имсол дар мусобиқа 60 нафар шоҳмотбозон ширкат намуданд. Ба фарқ аз соли гузашта имсол намояндагон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва донишҷӯён аз ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Покистон, ки дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ таҳсил мекунанд, дар мусобиқа ширкат доштанд».
Ба иттилои сардовар, мусобиқаи имсола собит сохт, ки сол ба сол маҳорату лаёқати шоҳмотбозон баланд гардида, онҳо барои ширкат дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ омода мебошанд.
Ба иттилои Вафо Нурмамадов, бо кумаки ширкати барқии «Помирэнерҷӣ» беш аз 6 сол аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дарси шоҳмот роҳандозӣ шудааст, ки ин ба рушд ва такомули истеъдоди шоҳмотбозон кумаки беандоза мерасонад.
Мувофиқи ҳисоби доварон ҷои аввалро бо касби 7,5 хол шоҳмотбози маъруфи вилоят, ҷоизадори мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ Олуча Ҷумъаев соҳиб шуд. Мақоми дуюмро Хусрав Ҷумъаев ва ҷои сеюмро Тоҳир Мақсудшоев ишғол намуданд. Ба ғолибони мусобиқа Ҷоми ширкати «Шарк Ко ва мукофоти пулӣ тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, шоҳмот-ин бозиест, ки таърихи ҳазорсола дошта, шуҳрати худро ҳатто дар давраи рушди технологияҳои навтарин низ гум накардааст. Яке аз афзалиятҳои асосии шоҳмот рушд додани қобилияти зеҳнии одамон маҳсуб мешавад. Ҷараёни бозӣ маҷбур месозад, ки ҳарду нимаи мағзи сар баробар кор кунанд, аз ин рӯ онҳо мутаносиб фаъолият мекунанд. Шоҳмот бозии баргузидагон шуморида мешавад ва аз ин ҷост, ки ба он бисёр сиёсатмадорон, олимон, адибон, эҷодкорони давраҳои гуногун таваҷҷуҳи хосса доштанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






