Бозтоби сафари Пешвои миллат дар ВАО-и Урдун
ДУШАНБЕ, 12.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи нахустин сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун бонуфузтарин расонаҳои хабарии Урдун аҳамияти музокироти дарпешистодаи сатҳи олии ду кишвар ва имзои бастани созишномаҳои дуҷонибаро, ки ҳам ба тавсеаи равобити дуҷониба ва ҳам ба тақвияти ҳамкории байниминтақавӣ равона шудаанд, ба таври густурда инъикос менамоянд.
Воситаҳои ахбори оммаи Урдун бар иқтидори бузурги ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Урдун, аз ҷумла, дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва нақлиёту коммуникатсия таъкид менамоянд. Махсусан ба аҳамияти сафари роҳбари олии Тоҷикистон дар ҷиҳати таҳкими робитаҳои судманд дар арсаҳои илму маориф ва фарҳангу башарӣ ишора шудааст. Тавре ВАО-и Урдун менависанд, сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафҳаи навро дар муносибатҳои байнидавлатӣ боз мекунад ва зарфиятҳои ҳамкориву шарокати ду кишварро дар робита ба маҷмӯи васеи масоили ҷаҳонию минтақавӣ намоиш медиҳад.
Агентии иттилоотии Урдун ҳамчунин мақолаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Зубайдулло Зубайдовро роҷеъ ба иқтидори иқтисодию сармоягузории кишварамон, самтҳои дурнамодори ҳамкории дуҷониба ва аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва таъмини сулҳу суботи ҷаҳонию минтақавӣ интишор намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад






