Бозтоби сафари Пешвои миллат дар ВАО-и Урдун

Декабрь 12, 2017 10:10

ДУШАНБЕ, 12.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи нахустин сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун бонуфузтарин расонаҳои хабарии Урдун аҳамияти музокироти дарпешистодаи сатҳи олии ду кишвар ва имзои бастани созишномаҳои дуҷонибаро, ки ҳам ба тавсеаи равобити дуҷониба ва ҳам ба тақвияти ҳамкории байниминтақавӣ равона шудаанд, ба таври густурда инъикос менамоянд.

Воситаҳои ахбори оммаи Урдун бар иқтидори бузурги ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Урдун, аз ҷумла, дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва нақлиёту коммуникатсия таъкид менамоянд. Махсусан ба аҳамияти сафари роҳбари олии Тоҷикистон дар ҷиҳати таҳкими робитаҳои судманд дар арсаҳои илму маориф ва фарҳангу башарӣ ишора шудааст. Тавре ВАО-и Урдун менависанд, сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафҳаи навро дар муносибатҳои байнидавлатӣ боз мекунад ва зарфиятҳои ҳамкориву шарокати ду кишварро дар робита ба маҷмӯи васеи  масоили ҷаҳонию минтақавӣ намоиш медиҳад.

Агентии иттилоотии Урдун ҳамчунин мақолаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Зубайдулло Зубайдовро роҷеъ ба иқтидори иқтисодию сармоягузории кишварамон, самтҳои дурнамодори ҳамкории дуҷониба ва аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва таъмини сулҳу суботи ҷаҳонию минтақавӣ интишор намуд.

Декабрь 12, 2017 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар