Брифинг барои кишварҳои аъзои СММ оид ба Нақшаи Дабири кулли СММ вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Декабрь 11, 2017 11:44

ДУШАНБЕ, 11.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк намояндагони кишварҳои аъзои СММ бо мақсади муҳокимаи Нақшаи амали Дабири кулли СММ вобаста ба татбиқи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 гирди ҳам омаданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Брифинги мазкур аз ҷониби Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ дар ҳамкорӣ бо Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (UNDESA) ва СММ-Об доир гардида, дар он ҳудуди 120 намояндаи кишварҳои аъзои СММ ширкат намуданд.

Дар брифинг, ки таҳти раисии Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ М. Маҳмадаминов баргузор шуд, ҳамчунин роҳбари Дафтари расмии Маҷмаи Умумии СММ Франтишек Рузичка, Директори шуъбаи рушди устувори UNDESA Ҷуванг Ҷу ва Директори Донишгоҳи СММ оид ба масъалаҳои об, муҳити зист ва тандурустӣ ва яке аз ҳамоҳангсозони Гурӯҳи СММ-Об роҷеъ ба ташкил ва банақшагирии Даҳсола Владимир Сматкин ширкат ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ аз пуштибонии қавии Дабири кулли СММ ва иқдоми ӯ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Нақшаи амал барои татбиқи Даҳсола изҳори миннатдорӣ намуд. М. Маҳмадаминов ба нақши фаъоли Раиси Маҷмаи Умумии СММ дар баргузории брифинг бахшида ба оғози «Даҳсолаи об барои рушди устувор», ки 22 марти соли 2018  (Рӯзи байналмилалии об) дар Ню-Йорк баргузор мегардад, таъкид намуд. Намояндаи доимӣ ҳамчунин оид ба мундариҷаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба Даҳсолаи нави об, ки моҳи июни соли 2018 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, маълумот пешкаш кард.

Роҳбари Дафтари Раиси Маҷмаи Умумии СММ оид ба омодагӣ ба оғози Даҳсола маълумот дода, онро ҳамчун майдоне баҳри таҳкими ҳамкорӣ, ҷалби таваҷҷуҳи бештар ба мудирияти устувори захираҳои об ва расонидани мусоидат ба татбиқи ҳадафу вазифаҳои марбут ба об муҳим арзёбӣ кард.

Декабрь 11, 2017 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд