Дар Душанбе Форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ» доир гардид
ДУШАНБЕ, 08.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо низомҳои пардохтии байналмилалии «Visa International» ва «UnionPay International», инчунин ташкилотҳои қарзӣ Форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ» баргузор гардид.
Дар кори Форум намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони институтҳои молиявии байналмилалӣ ва танзимгарони алоқаи мобилӣ иштирок намуданд.
Дар ҷамъомад муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова зикр кард, ки «мақсад аз баргузории Форум пешниҳоди иттилоот оид ба тамоюли рушди самти мазкур, гирифтани иттилоот ва табодули таҷриба дар бораи технологияҳои муосири имрӯза дар самти пардохтҳо, ноилшавӣ ва саҳмгузории ташкилотҳои қарзи маҳаллӣ ва ширкатҳо барои рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар, инчунин амнияти истифодаи хизматрасониҳои электронию рақамӣ ва танзими онҳо мебошад».
Ҳамчунин дар Форум масъалаҳои рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ, тамоюлҳои муосири рушди хизматрасониҳои пардохтӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, имкониятҳои нав барои соҳаи бонкӣ, вазъи воқеии бозори хизматрасониҳои пардохтӣ, мушкилиҳо, самтҳо ва роҳҳои минбаъдаи рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ баррасӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки бо қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» заминаи ҳуқуқӣ барои ташкили фаъолияти низоми пардохт ва тартиби пешниҳод намудани хизматрасониҳои пардохтӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ба тараққиёти низоми пардохт ба амал омад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






