Дар Хатлон ҷаласаи Шӯрои рушди маориф доир гардид

Декабрь 1, 2017 10:20

ҚӮРҒОНТЕППА, 01.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа  ҷаласаи навбатии Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон баргузор  гардид.  Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар  ҷаласа  масъалаи  ҷараёни иҷрои Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» дар шаҳру навоҳии  вилоят  муҳокима  гардид. Ҳамзамон  аъзои  Шӯро   ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро  «Дар бораи  тасдиқи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020» дар фаъолияти коллеҷҳои тиббӣ  ва гурӯҳҳои мақсадноки тиббии онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва  ҳолати  тайёр кардани  мутахассисону кадрҳои коргарии ба бозори меҳнат рақобатпазирро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии вилоят  баррасӣ  намуданд.

Зимни ҷаласа  муовини  раиси  вилояти  Хатлон  Махфират  Хидирзода  иброз дошт, ки дар  самтҳои номбаршудаи  фаъолият  корҳо  бояд аз  рӯи нақша  иҷро карда  шаванд. «Танҳо  дар  ҳолати   сари вақт  иҷро кардани нақшаҳои корӣ мо метавонем     сифати таълимро  дар  муассисаҳои таълимӣ  беҳтар гардонем»,-баён дошт   Махфират  Хидирзода.

Декабрь 1, 2017 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад