Дар Кӯлоб назорати маводи хӯрокиро пурзӯр намуданд
КӮЛОБ, 05.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади амнияти озуқавории мамлакат ва таъмини аҳолӣ бо маводи хӯрокии хушсифат, аз қабили гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ, шир, маҳсулоти ширӣ, тухм, равғани растанӣ, намаки ошӣ ва дигар маҳсулоти ғизоӣ аз тарафи раёсати Назорати давлатии байтории минтақаи Кӯлоб санҷиш гузаронида шуд. Тавре муовини сардори раёсат Саттор Камолов иттилоъ дод, дар 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоб моҳе ду маротиба маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ, гӯшти мурғи воридотӣ ва дигар маҳсулоти истеъмолӣ дар озмоишгоҳ аз ташхис гузаронида мешаванд.
Б
а иттилои С. Камолов, дар давоми 11 моҳи соли равон дар натиҷаи санҷиш 1 тоннаю 136 кг гӯшти гов, 469 кг гӯшти гӯсфанд, 180 кг гӯшти мурғ, 424 литр шир ва маҳсулоти ширӣ, 1480 дона тухм, 1540 кг ҳасибҳои гуногун ва 1740 кг маҳсулоти полезии бесифат нобуд карда шуданд.
Айни ҳол аз ҷониби кормандони раёсат дар бозорҳои марказӣ, мағозаҳо, дӯконҳои гӯштфурӯшӣ санҷишҳои муштарак гузаронида шуда, маҳсулоти бесифат аз муомилот гирифта мешаванд. Фурӯшандагоне, ки ин гуна маҳсулоти бесифатро ба фурӯш мебароранд, ҷарима карда мешаванд.








Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






