Дар Лахш барои зарардидагони офати табиӣ 6 адад хонаҳои нави истиқоматӣ ба истифода дода шуданд
ЛАХШ, 02.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи навбунёди Шилбилии ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш барои зарардидагони офати табиӣ 6 адад хонаҳои нави истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин бора раиси ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш Аъзам Ғафуров ба хабарнигори АМИТ „Ховар“ иттилоъ дод.
Моҳи майи соли равон аз сабаби номусоидии обу ҳаво ва бошиддат боридани борон дар деҳаи Шилбилии ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш сел фаромада буд. Аз таъсири офати табиии баамаломада 6 оила пурра хонаҳояшонро аз даст дода, хонаҳои баъзе оилаҳои дигар қисман зарар диданд. Бартарафсозии зарари ҳодисаи мазкур аз рўзҳои аввал зери таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, ба зарардидагон масолеҳи сохтмонӣ ва хўрокию либосворӣ дастрас карда шуданд.
Дар ин давра дар деҳаи навбунёди Шилбилӣ ба 22 нафар зарардидагони офати табиӣ замини наздиҳавлигӣ ҷудо намуданд. Аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ва сокинону соҳибкорон сохтмони хонаҳо бо сифати баланд ба анҷом расиданд.
Имрӯзҳо зарардидагони ин офати табиӣ дар маҳаллаи навбунёди мавзеи Дашти Шилбилӣ дар хонаҳои нави истиқоматӣ ба зиндагӣ оғоз намудаанд.
Ҳамчунин барои аҳолии ин деҳа бо маблағгузории созмонҳои хориҷӣ аз масофаи 4750 метр хатти оби нӯшокӣ кашиданд, ки мушкилоти асосии сокинони маҳаллаи навбунёд бартараф гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






