Дар шаҳри Боку шоми фарҳангии тоҷикон баргузор гардид

Декабрь 26, 2017 16:40

ДУШАНБЕ, 26.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 24 декабри соли равон  дар шаҳри Боку бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон  як зумра барномаҳо зери унвони «Шоми фарҳанги тоҷик»  баргузор гардид. Дар ҳамоиши фарҳангӣ  сафирони кишварҳои хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими Озарбойҷон, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин фаъолони ҷамъияти тоҷикони Ҷумҳурии Озарбойҷон ширкат варзиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар доданд, дар ҳошияи ин барномаҳо таърихи ғании мардуми тоҷик, фарҳанг, санъат, эҷодиёт, мусиқӣ, асбобҳои мусиқии халқӣ, рақси миллӣ, таомҳои миллии тоҷикон, китобҳо оид ба Тоҷикистон, инчунин иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.

Ҳамзамон зимни ҳамоиш таваҷҷуҳи махсус ба Соли ҷавонон равона карда шуд.

Барнома бо оҳангу сурудҳои миллӣ ва рақс доир гардида, дар онҳо меҳмонон бо завқи баланд ширкат карданд.

 

Декабрь 26, 2017 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд