Дар Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиард доллари ИМА баробар шуд
ДУШАНБЕ, 09.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 11 моҳи соли 2017 ба 9 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки бо нархҳои амалкунанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 миллиард сомонӣ ё 1,5 маротиба зиёд аст.
Тибқи иттилои Озифхон Шарифзода, мудири шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, суръати рушди саноати вилоят бо нархҳои амалкунанда ба 131,7 фоиз баробар гардидааст. Танҳо дар моҳи ноябри соли равон корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ба маблағи 1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи ноябри соли гузашта 295 миллион сомонӣ ё 1,4 маротиба зиёд аст.
Ҳамин тариқ, дастури раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ барои ба 1 миллиард доллари ИМА расонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ пеш аз муҳлат иҷро карда шуд, — таъкид намуд Озифхон Шарифзода.
Хотиррасон бояд кард, ки моҳи январи соли равон раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни нишастӣ матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дода буд, ки бо истифода аз иқтидорҳои истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли 2017 то ба 1 миллиард доллари ИМА расонида мешавад.
Дар вилояти Суғд қариб 600 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Танҳо соли равон 83 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд, ки дар онҳо 1463 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






