Дар Тоҷикистон табобат ва тақсимоти дорувории зидди сил барои гирифторони ин беморӣ ройгон мебошад
ДУШАНБЕ, 08.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Пешгирӣ, дарёфт ва табобати бемории сил» барои рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма тренинги омӯзишӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, тренинги мазкур аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.
Муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил Зоҳир Абдуллоев ба иштирокчиён оид ба бемории сил, роҳҳои гузариш ва ба табобат фаро гирифтани нафарони ба ин беморӣ гирифторшуда маълумот дода, аз ҷумла, чунин гуфт: «Имрӯз табобат ва тақсимоти дорувории зидди сил барои гирифторони ин беморӣ ройгон аст. Маркази мо ҳамаи нафарони гирифтори бемории силро ройгон ба табобат фаро мегирад».
Зикр шуд, ки гирифторшавии аҳолӣ ба сили фаъол дар соли 2016 ба сари 100 ҳазор аҳолӣ дар вилояти Суғд 39,2 дар вилояти Хатлон 71,3 ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 125,2 фоиз ба қайд гирифта шудааст. «Аз рӯи натиҷагирӣ соли 2016 90,2 фоизи беморон шифои комил ёфта, зиндагии муқаррарии худро идома медиҳанд».
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии тренинги мазкур тавассути ВАО ба аҳолӣ расонидани роҳҳои табобат ва пешгирии бемории сил мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






