Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Паёми Пешвои миллатро мавриди омӯзиш қарор доданд

Декабрь 27, 2017 16:19

ДУШАНБЕ, 27.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз бо мақсади натиҷагирӣ аз Паёми Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ  баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати мазкур хабар доданд, дар  ҷаласа  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамотҳои назорати давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявии пешгириву шифоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ   ва роҳбарони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок доштанд.

Дар кори ҷаласа Паёми   Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ натиҷагирӣ карда шуда, ҳамзамон зимни он  камбудиҳои ҷиддиву эродҳои баённамудаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли Паём  дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор  дода шуд.

Ба иттилои манбаъ,  дар он  масъалаи таъмини дорувории хушсифат ва роҳу усулҳои истеҳсоли ҳарчи зиёди доруворӣ дар ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт. Дар ҳамоиш инчунин масъалаи   сиёсати давлатии ҷавонон, тайёр намудан ва имтиёзи корӣ додан ба кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии хизматчиёни давлатӣ, ки ин нукта низ дар Паёми Пешвои миллат дарҷ гардида буд, натиҷагирӣ карда шуд.

Дар ҷаласа   сардорони идораҳои зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри гузаронидани чорабиниҳо  дар ҳама муассисаҳои тандурустии кишвар вобаста ба ташвиқу тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кор дар самти таҳияи нақшаҳои чорабиниҳо супориши қатъӣ гирифтанд.

Декабрь 27, 2017 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст