Доруҳои пастсифату муҳлаташон гузашта мусодира ва ба коми оташ андохта шуданд

Декабрь 28, 2017 16:07

ХОРУҒ, 28.12.2017 /АМИТ   «Ховар»/. Кормандони намояндагии Хадамоти назорати фармасевтии ҷумҳурӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади пешгирӣ ва аз муомилот берун кардани доруҳои пастсифат ва муҳлаташон гузашта санҷиши навбатӣ баргузор карданд. Роҳбари ин намояндагӣ дар вилоят Зуҳро Олимшоева гуфт, ки «фурӯхтани дору бар дӯши инсон масъулияти бузург мегузорад. Зеро дар бисёр маврид як дона доруи асил ва пок метавонад бемори рӯи бистарро ба по хезонад. Аммо доруи пастсифату қалбакӣ метавонад дардро шадидтар созад. Доруфурӯш, пеш аз ҳама,  бояд дар бораи саломатии одамон фикр кунад ва баъд аз он дар бораи тиҷорати худ».

Мутаассифона,  аснои санҷиш аён гардид, ки на ҳамаи дорухонаҳо ин меъёри муҳимро риоя мекунанд. Давоми як ҳафта сифату муҳлати дорувории 58 муассисаи фармасевтӣ ва 31 муассисаи табобатии вилоят  мавриди санҷиш қарор дода шуд.  Аз дорухонаҳои шаҳру ноҳияи вилоят 94 навъи дору, ки бештарашон барои кӯдакони бемор тавсия дода мешаванд, мусодира шуданд.

Ба гуфтаи Зуҳро Олимшоева, ҳангоми санҷиш 933 адад доруворӣ аз муомилот берун карда шуда, шахсони масъул ба маблағи 14 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуданд.

Ҳамчунин мутахассисони намояндагии мазкур сифати маводи ороишии чанд мағоза ва кошонаҳои ҳуснро санҷида, 8 номгӯй маводеро, ки ба талаботи меъёрҳои фармасевтӣ ҷавобгӯ набуданд, ошкор карданд. Ин муассисаҳои хизматрасонӣ низ ба маблағи 13 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Тамоми маводи мусодирашуда пас аз ташхис ва таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба коми оташ андохта шуданд.

Декабрь 28, 2017 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд