Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми нав ба Маҷлиси Олӣ аз зиёд шудани маошу нафақаи шаҳрвандон мужда доданд
ДУШАНБЕ, 22.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раванди тадриҷан беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон сол аз сол суръати тоза пайдо менамояд. Аз 1 сентябри соли 2018 зиёд гардидани музди меҳнат ва нафақаи шаҳрвандони мамлакат аз сиёсати пайгиронаи Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои судманд дар роҳи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардуми ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки «бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1 сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад. Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, инчунин музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад.
Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад».
Тибқи иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 сентябри соли равон теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ 660 ҳазору 610 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 ҳазору 598 нафар ё 2,9 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ шумораи умумии нафақагироне, ки пардохти нафақаашон тариқи кортҳои бонкӣ ба роҳ монда шудааст, 96, 8 фоизи теъдоди умумии нафақагиронро ташкил менамояд.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, музди миёнаи меҳнат ба ҳолати 1 августи соли 2017 ба 1160,44 сомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 225,31 сомонӣ ва ё 24,1 фоиз зиёд мебошад.








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






