«ХИРС»-и ТОҶИКӢ ДАР ГЕРМАНИЯ! Онро беш аз 35 миллион нафар одамон тамошо карданд
ДУШАНБЕ, 02.12.2017./АМИТ «Ховар»/. «Хирсеро», ки хилъати аз матоъи миллии тоҷикӣ дӯхташуда дар бар дошт, беш аз 35 миллион нафар одамон дар гушаҳои гуногуни дунё тамошо карданд. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки 1-уми декабр дар шаҳри Берлин, пойтахти ҶФГ намоишгоҳи «Хирсҳо -ташвиқгари дустӣ ва муттаҳидӣ, санъат ва таҳамулпазирӣ » ба кори худ шурӯъ намуд. Намоишгоҳ аз 140 муҷассамаи хирсҳо, ки аз ҷониби рассомон бо рангҳои бозгӯи таъриху фарҳанги миллии кишварҳои аъзои СММ оро дода шудаанд, иборат мебошад. Ин намоишгоҳ шурӯъ аз соли 2002 дар кишварҳои гуногуни қитъаҳои Осиё, Аврупо, Амрико ба намоиш гузошта шудааст ва аз ин намоишгоҳ 35 миллион нафар одамон дидан кардаанд.
Ҳадафи намоишгоҳ — даъвати мардумони ҳама миллату динҳо ба дустӣ, муттаҳидӣ ва таҳамулпазирӣ мебошад.
Хирсҳо ду метр баландӣ доранд. Хирсе, ки аз Тоҷикистон намояндагӣ менамояд, аз ҷониби рассом Светлана Франк наққошӣ ва рангубор карда шуда, тани онро хилъати аз матои миллии тоҷикӣ дӯхташуда зеб медиҳад.











Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






