Хонандагони ду мактаби шаҳри Ваҳдат дар синфхонаҳои сард бо либосҳои зимистона дарс меомӯзанд

Декабрь 21, 2017 15:54

ВАҲДАТ, 21.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯзҳо дар шаҳри Ваҳдат 2955 нафар хонандагони ду муассисаи калонтарини таҳсилоти миёнаи умумӣ дар синфхонаҳои сард бо пӯшидани либосҳои зимистона дарс меомӯзанд. Муассисаи рақами 132-и Ҷамоати деҳоти Гулистон дорои 1230 хонанда ва 65 омӯзгор мебошад. Зимни ифтитоҳи ин муассиса масъулини шаҳри Ваҳдат ваъда дода буданд, ки муассиса ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст шуда, хонандагон дар фасли зимистон дар синфхонаҳои гарм дарс меомӯзанд. Имрӯзҳо 37 синфхонаи ин муассиса хунук буда, бо ташаббуси падару модарон 9 синфхонаи ибтидоиро бо гармкунакҳои равғании барқӣ (радиаторҳо) таъмин намудаанд. Директори муассиса Раҳматшо Пиров гуфт, ки айни замон дар анбори муассиса 81 тонна ангишт ва 5 куб ҳезум захира намудаанд. Аммо аз сабаби аз ҳисоби буҷети шаҳри Ваҳдат маблағгузорӣ нагардидани ҶДММ  «Ҳамсафар» шабакаи ягонаи гармидиҳии муассисаро пайваст накарданд, то синфхонаҳо ба таври доимӣ бо гармӣ таъмин шаванд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-и Ҷамоати Карим Исмоилови шаҳр, ки аз замони Шӯравӣ боқӣ мондааст, дорои 37 синфхонаи калон буда, дар он 1725 нафар хонанда таҳсил менамоянд. Синфхонаҳои муассисаро бо гармкунакҳои барқӣ таъмин намудаанд, вале гармкунакҳои барқӣ ба масоҳати синфхонаҳо мувофиқат намекунанд. Аз ин сабаб синфхонаҳо сард буда, омӯзиши дарсҳо ба хонандагон дар синфхонаҳои хунук мушкил мебошад. Эҳтимол аз ҳамин сабаб аст, ки хонандагон аксаран дар дарсҳо иштирок намекунанд. Ба қавли хонандагон, рӯзҳое, ки ҳаво сард мешавад, дохили синфхонаҳо бештар хунук мешавад ва онҳо ба хунукӣ тоқат накарда, дарсро тарк мекунанд, чунки саломатӣ дар мадди аввал меистад.

Масъулини идораи маорифи шаҳри Ваҳдат вазифадоранд, ки хунукназарӣ накарда, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» мушкилоти зимистонгузаронии ин ду муассисаи бузурги таълимии шаҳрро сари вақт ҳал намоянд.

Декабрь 21, 2017 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

30 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109 фоиз таъмин гардид
ОГОҲӢ! Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои вайрон намудани муҳити зист нисбат ба 1972 нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Тарзи амали маҷмуӣ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон шабакаро инкишоф медиҳад
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор афзудааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар гардид
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияҳои Шаҳринав ва Сангвор нишасти матбуотӣ доир мешавад
29 июл дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Шаҳринав ва Сангвор нишасти матбуотӣ доир мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Донишгоҳи технологӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад